Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи корӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

Бо ташаббуси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон 25.02.2026 соати 09:00 дар толори калони маҷлистгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе бо иштироки 1650 нафар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, раиси Суди шаҳри Душанбе ва муовинони ӯ, прокурори шаҳри Душанбе ва муовинони ӯ,  сардори Раёсати амнияти шаҳри Душанбе ва муовинони ӯ ҳамзамон раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва муовинони онҳо, роҳбарон ва аъзои комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ректорон, проректорон ва деканҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои шаҳри Душанбе, сардори Раёсат ва мудирони маорифи шаҳри Душанбе, аҳли фарҳанг, ходимони дин, сардори Раёсат ва бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сардори Раёсат ва мудирони бахши ҷавонон, варзиш ва бахшҳои он дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, сардори Раёсати танзиму ҷашну маросимҳо дар шаҳри Душанбе ва бахшҳои зертобеи он дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр оғоз гардида, дар идома раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баромад карда қайд намуд, ки мубориза ба савдои одамон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ буда, таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин зуҳуроти хатарнок на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таҳдид ба амнияти иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътибори давлат мебошад.
Таъкид намудан, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии  мазкур  тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт, инчунин амалисозии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 403 аз 24.07.2025 тасдиқ гардидааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз он ҷумла мавриди  амалигардонии адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон, муайян кардани савдогарони савдои одамон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани онҳо, расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон, худдорӣ кардан аз муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ ва бовар накардан ба ваъдаҳои бардурӯғи қаллобон, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ мардумро ба муҳоҷирати меҳнатӣ даъват мекунанд, иборат мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки иҷрои босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишудаи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон, аз ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо ва масъулияти шахсии роҳбарон вобаста мебошад.
Дар анҷом, аз роҳбарони комиссияҳои ҳудудӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкории байниидоравиро дар ин самт тақвият бахшанд ва иҷрои босифати Нақшаи милли корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

25.02.2026 20:01
124