Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

Рӯзи 24 феврали соли 2026 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо судяҳои Суди Олӣ, шаҳри Душанбе ва тобеи он, прокурорҳои Прокуратураи генералӣ, Прокуратураи шаҳри Душанбе ва тобеи он баргузор гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳии раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал–полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз гардида, баъдан дар ҷараёни он масалаҳои мубрами доираи мурофияи ҷиноятӣ аз ҷониби омӯзгорон ва ширкаткунандагони чорабинии мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар семинари омӯзишӣ олимону мутахассисони соҳави ҷавлб гардида, мақсади доир кардани чорабинии мазкур ин тақвият додани таҷрибаи судӣ-тафтишотӣ дар самти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон, ҳамчунин таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои қурбониёни савдои одамон ба ҳисоб меравад.

25.02.2026 15:50
112