Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 63-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки директори ҶДММ “Восеъ-2005”, марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, мувофиқи шартномаи бастааш вазифадор гардида буд, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқии соҳибмулкон ва таъмини адолати иҷтимои ҷуброни зарар бартарафкунии соҳибмулкон ва бо шарти минбаъд таъмин намудани моликият ба манзилҳо ва маркази савдову хизматрасони дар бинои навбунёд воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ иҷозат гирифта, бо тариқи ноториали ба расмият даровардааст. 
Аммо гумонбаршаванда дар рафти сохтмонаш муофиқи шартномаи бастааш бо соҳибмулкон бар хилофи талаботҳои меъёрҳои сохтмонӣ ва бо мақсади фиреб додани истеъмолкунандагон тарҳи дохили биноҳои истиқоматиро тағйир дода, бо мақсади азони худкунӣ ва ба даст овардани маблағи махсусан калон квадратҳои фурухтаашро камтар чен кардаву фиреб додани шаҳрвандон шумораи манзили истиқоматиро дар як ошёна баҷои 6-адад 7-адад намуда, манзилҳои истиқоматӣ ва боз паст намудани баландии марказҳои савдо, бар хилофи талаботи тасдиқгардидаи лоиҳаи сохтмони маҳсулоти ороиши симои бино аз маҳсулоти пастсифат, ки ба бехатари ҳаёти одамон ва молу мулки шахсони истиқоматкунанда зарар мерасонанд, истифода намуда, ба соҳибмулкон ба маблағи 1 милиону 208 ҳазору 439-сомонӣ зарар расонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

25.02.2026 8:36
53