Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
22-юми феврали соли 2026, тахминан соати 23:00 ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Менглиқулов Ҳасан Баҳромович, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Шаҳритус ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи моторолаш набаромада ба мотороли дучарха, таҳти идораи Бобоёров Элбек Бахтиёрович, соли таваллудаш 2007, сокини ҳамин ноҳия бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи дучархаи тамғаи скутер ноболиғ Менглиқулов Ҳ.Б. дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
23-юми феврали соли 2026, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус AS”, Мухторзода Умарҷони Ислом, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сутуни канори роҳ бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус AS”, Мухторзода У.И. мусофиронаш Қурбонов Бадриддин Суҳробович, соли таваллудаш 2008, Муъминҷони Сулаймон, соли таваллудаш 2007, Ахмедов Умар, соли таваллудаш 2008, сокинони шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дигари автомашинаи мазкур ноболиғ Саидов Азизбек Фурқатҷонович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Ваҳдат, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.



















