Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе, моҳи апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 56-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Таёта-прадо»-ро ба маблағи 43 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузори карда гирифта ваъда додааст, дар муддати 3-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда автомашинаи мазкурро фурухта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 35 ва 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 18 ҳазору 700-доллари амрикоиро гирифта ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накарда маблағи мазкурро ба манфиати шахсиашон, сарф намудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

24.02.2026 8:51
33