Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ – ИҚДОМЕ, КИ ЯК ГӮШАИ ДИЁРРО САРСАБЗ МЕГАРДОНАД!

Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29-уми июни соли 2024 таҳти №374 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, хоссатан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, 21-уми феврали соли равон роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, сарраёсату раёсат ва шуъбаву дигар ҷузъу томҳои ВКД ба маъракаи ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назарaлӣ, муовинони Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода ва генерал-майори милитсия Ғайратшо Муборашозода, инчунин ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар масоҳати зиёда аз 15,5 гектар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои ҳудуди деҳоти Шодоби ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб навъҳои гуногуни дарахти ҳамешасабзу ороишии арча ва ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили олӯ, олӯча, гелос, ки шумораашон беш аз 15 ҳазор бехро ташкил медиҳад, бо риояи талаботи агрономӣ шинонида шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар баробари шинонидани дарахтону ниҳолҳо ва дар оянда бо об таъмин ва сарсабзу хуррам гардидани онҳо низ бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, 3 адад зарфи 25-тоннаӣ захиракунандаи об, 1 адад чунин зарфи 5-тоннаӣ, инчунин 40 ҳазор метр қубурҳои қутрашон гуногун барои таъмин намудани ниҳолҳо бо об гузошта шудааст, ки нигоҳубинкунандагони ин боғ метавонанд дар ҳама ҳолат аз он самаранок истифода намоянд.
Роҳандозӣ намудани чунин иқдом аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ идома дорад.

21.02.2026 18:07
137