Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРЗАБЗИИ ВАТАН – МАРОМИ МОСТ!

Бо мақсади татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати ободу сабзгардонии кишвар, имрӯз дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ иқдоми навбатии ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин маъракаи муҳими экологӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковники милитсия Абдураҳмонзода Абдукибор Абдулнеъмон ва ҳайати шахсии шуъба иштирок намуда, бо рӯҳияи баланду ҳисси масъулиятшиносӣ зиёда аз 700 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинониданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва сабзгардонии гирду атроф вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Иқдоми мазкур на танҳо ба зебо гардидани муҳити зист мусоидат мекунад, балки дар беҳдошти вазъи экологии минтақа, пешгирии эрозияи хок ва фароҳам овардани фазои солиму мусоид барои сокинон нақши муҳим хоҳад гузошт.
Бояд зикр намуд, ки чунин иқдомҳои сабзгардонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ пайваста баргузор гардида, ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Сарсабзии Ватан, ободии диёр ва муҳити солим мароми ҳар як фарди худогоҳу масъулиятшинос мебошад.

21.02.2026 14:09
97