Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб

17-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Усмонзода Амрохон, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Одинаев Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1950, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст, ки дар натиҷа Одинаев Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

19.02.2026 8:58
47