Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 68-солаи сокини шаҳри Истаравшан, қаблан 12-уми декабри соли 2025, барои муомилот бо асъори хориҷи бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии мамурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмури ҷалбшуда, бо гумони муомилоти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 13-уми феврали соли 2026, тахминан соати 10:00 дар бозори марказии шаҳри Истаравшан, бо муомилоти ғайриқонуни асъори хориҷӣ машғул шуда, аз марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур 10 ҳазор рубли русӣ гирифта, бар ивазаш 1 ҳазору 200-сомонӣ додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.02.2026 8:35
44