Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ»

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, аз 1-ум то 20-уми августи соли 2023, дар шаҳри Душанбе ва қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» гузаронида мешавад.

Чуноне таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки ронандагон ва мусофирон аз беаҳамиятӣ тасмаи бехатариро истифода накардаанд, оқибат ба ҷароҳату ҳалокшавии шаҳрвандон анҷом ёфтааст. Махсусан дар ҳолати дар курсии пеш шинондани кӯдакони хурдсол, ки тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қатъиян манъ карда шудааст, чунин ҳолатҳо ба чашм мерасанд.
Вобаста ба ин мақомоти корҳои дохилӣ ба иттилои кулли ронандагон мерасонад, ки ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ба таври қатъӣ аз «тасмаи бехатарӣ» истифода намуда, ҷони худро зери хатар нагузоранд.
Давоми 20-рӯзи баргузории амалиёти мазкур кормандони бозрасӣ дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсади муайян ва пешгирии чунин қоидавайронкунӣ рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор менамоянд.

01.08.2023 16:58
19