Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар 

16-уми феврали соли 2026, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Саидзода Сулҳиддин Саиднабихон, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди  деҳаи Кони Намаки  ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт  набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Дэу Лабо», таҳти идораи Асомиддинзода Олимхон, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд қарор дошт,  бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лабо» Обидов Нурулло Муродҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
16-уми феврали соли 2026, тахминан соати 01:00 ронандаи дучархаи “Мототсикл”, Дилдоров Бахтовар Мирзоевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, воқеъ дар ҳудуди кӯчаи А.Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи дучархаи “Мототсикл” набаромада, ба симтурҳои заминҳои кишоварзии канори тарафи чапи роҳи мошингард бархурдааст. 
Дар натиҷа худи ронандаи дучархаи “Мототсикл” Дилдоров Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

17.02.2026 8:28
35