Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки калбакӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки нисбаташ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишотӣ пешакӣ қарор дорад, 8-уми январи соли 2026, 1-адад телефони мобилии марди 30-солаи сокини ноҳияи Вахш тамғаи “Айфон-13”-ро бо арзиши 1 ҳазору 900-сомонӣ нархгузори карда, бо пардохти 2-адад купюраи 100-доллараи амрикоӣ, ки тибқи санади шуъбаи минтақавии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ин купюраҳо аслӣ набуда қалбакӣ мебошанд харидорӣ намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба охирон зарари ҷидди модӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















