Муайян шудани ҳолати дуздӣ
Зимни баргузорнамудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи навсохтмони истиқоматии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи 5-уми шаҳри Хуҷанд даромада, аз онҷо 1-адад таҷҳизоти омехтакунандаи бетон (бетонамешалка), ки арзишаш 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















