Баррасии масъалаҳои мубрами рӯз дар мулоқот бо сокинони шаҳри Исфара
Нимаи дуюми рӯзи 13 феврал дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳри Исфара мулоқоти озоду ошкороӣ роҳбари Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо сокинони шаҳру деҳоти Исфара баргузор гашт. Ин вохӯрӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарону масъулони сохторҳои таркибии мақомоти шаҳрдорӣ ва фаъолсокинони шаҳраку деҳоти минтақа доир шуд. Нахуст ҳайати меҳмонон ва мавзӯи баррасишаванда муаррифӣ карда гардид.
Бо маърӯзаи таҳлилии бозгӯкунандаи вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон, зуҳуроти номатлуби халал эқодкунанда ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат, тинҷиву осоиштагӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарра, ки аз Паёми Пешвои миллат сарчашма гирифтааст, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо баромад намуд. Гуфта шуд, ки мулоқоти мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025 – 2027 роҳандозӣ мешавад.
Муҳимияти масъалаи муқовимат ба савдои одамон дар он таҷассум меёбад, ки дар меҳвари ингуна ҷиноятҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон меистад. Дар ҷаҳони муосир савдои одамон дар баробари терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз таҳдидҳои ҷиддии глобалӣ маҳсуб меёбад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд истисно нест.
Дар баробари ба мавзӯи савдои одамон таваҷҷуҳ кардан, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба созмонҳои ифротӣ, паҳншавии навъҳои синтетикии воситаҳои нашъадор, ба мисли кристал, метаамфитамин ва лирика, майлу гирифтории ҷавонон ба ин навъи нашъамандии хатарафзо, ки ба заифмиҷозию безурётӣ, одат кардан ба хислати ғайрианъанавии барои мард номуносиб ва муноқишаю пошхурии оилаҳо оварда мерасонад, доман паҳн кардани бемории вируси норасоии масъунияти одам, ки оқибати он ба ҳаёту саломатии насли инсоният хатар дорад, фаъолияти ғайриқонунии машғулшавандагони фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ, пайравӣ ба урфу одатҳои бегона, бадахлоқии ҷавонон, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, дар пайи таасубу худнамоӣ риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъсири ноогоҳона истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мавзӯъҳое буданд, ки бо маълумотҳои таҳлилӣ таъкид рафт.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Исфара соли 2025 49 ҳолати машғулшудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ, ва 46 ҳуқуқвайронкунӣ дар самти қонуни танзим ошкор карда шудааст.
Нигароникунанда будани тълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишварро омили паҳнгаштани ақидаҳои хурофотии ҷудоиандоз, фаҳмиши носолими дур аз дину ибодат унвон карда пешгирӣ аз чунин ҳолат таъкид карда шуд. Зерпо беназоратӣ дар ин самт мафкураи солими ҷавононро ба гумроҳӣ бурда заминаи пайдо шудани ихтилофи мазҳабӣ шуда метавонад ва таҷрибаи ҳаётӣ онро исбот кардааст.
Меъёри ҳавасмандкунандаи дар Кодекси ҷиноятӣ мустаҳкам шуда, ки шахси барои фаъолияти ғайриқонунӣ дар ҳайати созмонҳои экстремистӣ - террористӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ бударо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд бахши муҳими мулоқоти имрӯза буд. Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ перомуни ин мавзӯ аз таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, иброз дошт, ки чунин иқдоми башардӯстона дар ягон давлати дунё амал намекунад ва дар ҷаҳон гумроҳшудагонро бо сангинтарин ҷазо маҳкум менамоянд. Аз ҳар як нафар иштирокчӣ даъват карда шуд, ки бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани шаҳрвандон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт саҳмгузор бошанд.
Бедор кардани ҳисси Ватандӯстӣ дар замири ҷавонон, сафарбари ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, пос доштани урфу одати аҷдодӣ ва роҳ надодан ба хурофоту бегонапарастӣ зимни суҳбати озод таъкид рафта, оқибати ғафлату бетаваҷҷуҳӣ нисбати ин масъалаҳо андешаронӣ сурат гирифт. Сокинон низ ҳамрайъии худро иброз доштанд ва таъкид намуданд, ки ҳамеша омодаанд паҳлу ба паҳлу бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бартарфсозии камбудиҳои ба раванди тинҷиву осоиштагӣ халал эҷодкунанда саҳмгузор бошанд.
Вобаста ба масъалаҳои аз ҷониби маърӯзачии асосӣ ба миёнгузошта муовини раиси вилоят Зуфар Исмоилзода ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумазода роҳбарони сохтору хадамотҳои шаҳрдорӣ ва фаъолонро сафарбар карданд. Зеро заминаи тамоми рушду тараққиёт аз таъмин будани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияту осоиштагӣ сарчашма мегирад.
Ҷаласа бо дастурдиҳӣ ва сафарбарии гуруҳҳои корӣ ҷамъбаст гардид.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.






















