Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ ва фаъолони шаҳри Конибодом
Бо назардошти муҳимияти масъалаи пешгирӣ аз ҳамагуна шаклу намудҳои ҷинояткорӣ, аз ҷумла савдои одамон, шомилшавӣ ба созмонҳои тундгарою ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, раванди афзоиши нашъамандӣ дар байни ҷавонон, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои барои таъмини солимии ҷомеа ва пойдории амнияту осоиштагӣ муҳим дар партави дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагардида, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси комиссияи мазкур муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо сокинони шаҳри Конибодом доир гашт. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода, намояндагони сохторҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони дин, созмону ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ ва фаъолон иштирок доштанд.
Дар оғоз раванди давлатдории миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол ва бунёдкориҳои ба пешрафту тараққиёт дар Ватани мо мусоидаткунандаро таъкид намуда, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода ба муҳокимаи мавзӯи ҷаласаи корӣ таваҷҷуҳи аҳли нишастро ҷалб намуд. Аз ҷумла, шаклҳои ба қурбонии савдои одамон гирифтор шуданро, ки ба паймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда мерасонад баён дошта, вобаста ба фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Гуфта шуд, ки муқовимати якҷоя ва бурдани корҳои тарғиботӣ метавонад ҳамватанонро аз хатари дучор шудан ба савдои одамон эмин дорад.
Дар қисмати дигари чорабинӣ раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ба мавзӯҳои барои низоми давлатдорӣ аҳамияти муҳим дошта, пешгирӣ аз терроризму экстремизм, гумроҳона шомил шудани баъзе аз ҳамватанони мо ба созмонҳои ифротӣ, муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъадор, аз ҷумла паҳншавии навъҳои синтетикии он ба мисли кристал, метаамфитамин ва лирика дар байни ҷавонон, ки мубталошавии чунин навъи нашъамандӣ метавонад ба қобилияти мардӣ таъсир карда, боиси заифмиҷозӣ, безурётиву хаёлпарастии ҷавонон шуда, дар пайи он муноқишаҳои хонаводагӣ ва пошхурии оилаҳо бавуҷуд меояд, авҷи бемори вируси норасоии масунияти одам, ки насли инсониятро аз байн мебарад, мулоҳизарони карда ин муамморо ошкоро иброз дошт.
Ба фирефта шудан ба дуруғбофии шахсони фолбину ҷодугар, ки гувоҳӣ аз сатҳи пасти донишҳои дунявӣ ва динии мардум мебошад таваҷҷуҳ намуда бо мисолҳои воқеъӣ оқибати онро фаҳмонид. Қобили қайд аст, ки давоми соли 2025 дар ш. Конибодом 41 ҳолати машғул шудан ба фолбиниро милитсия ошкор намудааст. Дар самти риоя нагаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки таасубу фахрфурӯшӣ ва нобаробарӣ дар байни аҳолиро ба вуҷуд меорад изҳори нигарони карда шуд. Давоми соли 2025 дар шаҳри Конибодом 32 ҳолати қонуншиканӣ дар ин самт ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2025 ҳолати нороҳаткунандаи криминогенӣ дар шаҳри Конибодом ва фаъолияти ғайриқонунии баъзе аз сохторҳои шаҳрдорӣ низ муҳокима карда шуд. Аз ҷумла, хариду фуруши замин ва ғасби ғайриқонунии он яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар шаҳри Конибодом мебошад. Дар натиҷаи чораҷӯӣ маълум карда шуд, ки шахсони мансабдори давлатӣ бо роҳи қаллобӣ ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин машғул гардида, даҳҳо нафар сокинони шаҳри Конибодомро фиреб ва маблағҳои пулии онҳоро аз худ кардаанд.
Дар раванди суҳбати озод вазъи имрӯзаи геополитикии ҷаҳон матраҳ гардида хотиррасон карда шуд, ки бетаваҷҷуҳӣ ба масъалаҳои дар боло оварда шуда ба амнияту осоштагӣ ва рушди ҷомеа таъсири манфи мерасонад.
Ҳамзамон вобаста ба меъёрҳои махсуси дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, ки шахси бо сабаби шомил шудан ба созмонҳои террористӣ – экстремистӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштаро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод менамояд маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки аксаран нафарони дар чунин вазъият қарор дошта дар кишварҳои хориҷӣ пинҳон шудаанд ва дар сурати ихтиёран ба Ватан баргаштан ва изҳори пушаймонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд. Аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват карда шуд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ анҷом диҳанд. То ин ки пеши роҳӣ гумроҳӣ гирифта шавад ва ҳар як ҳамватан ҳаёти осоиштаи орӣ аз биму ҳарос дошта бошад. Саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва иштироки фаъолона дар тадбиқи барномаҳои давлатӣ дархости дигари муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ аз сокинони шаҳри Конибодом буд.
Дар идома муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода муҳиммияти масъалаҳои баррасишударо таъкид дошта, масъулинро ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта сафарбар карданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

























