Ба вуқӯъ пайвастани се ҳодисаи нақлиётии марговар
13-уми феврали соли 2026, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Астанов Фаррух Абдураҳимович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба аломати ишоракунандаи канори рости роҳ бархурда, дар дохили заҳбури обпартои канори рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири дар қисми пеши автомашинаи мазкур буда Каримов Қиёмиддин Салимович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
13-уми феврали соли 2026, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Опел Зефира”, таҳти идораи Зоиров Хайридин, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Кангурт ба самти ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик, ҳангоми расидан дар роҳи мошингарди деҳаи Талимазори ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳияи Темурмалик аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бардюрҳои тунукагии тарафи рости роҳ буда бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” Зоиров Х. ба саломтиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5511», Қаробеков Ислом Абдуқодирович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Мастчоҳ бинобар баланд будани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Уралов Санҷарбек Абдунабиевич, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Уралов С.А. аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.














