Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ду зан барои ташкил намудани фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, санаҳои 6-7-уми феврали соли 2026 ва 10-уми феврали соли 2026, ба ҷавони 22 ва зани 39-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 600-сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, 12-уми феврали соли 2026, дар ҳудуди минтақаи истироҳатии Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон, барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 34-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристонро шинос намуда шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 100-доллари амрикоӣ гирифтааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.02.2026 8:56
21