Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани се ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби ҶДММ “Акмал сохтмон” ворид гардидааст, ки 10-уми феврали соли 2026, тахминан соатҳои 22:30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дохили бинои навсохтмони ҶДММ “Акмал сохтумон” воқеъ дар шаҳри Ваҳдат шуда, аз онҷо ба миқдори 12-адад арматураҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда, ба ҶДММ “Акмал сохтумон” 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Файзобод содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Вахш бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми декабри соли 2025, тахминан саоти 23:45-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони фурӯши телефонҳои мобилиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш даромда, аз онҷо 15-адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 17 ва 16-солаи сокинони ноҳияи Қубодиён содир намудаанд.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 22-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 30-юми январи соли 2026, тахминан соати 03:00 дар маркази дилхушии «Румӣ», воқеъ дар маҳ.19-и шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо тариқи пинҳонӣ аз пушти чехоли телефони мобилии ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт 400-доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

16.02.2026 8:52
19