Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе богумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуванда 13-уми феврали соли 2026, тахминан соатҳои 23:30-дақиқа, ҳангоми дар манзили истиқоматиашон қарор доштан бо бародараш марди 33-солаи сокини пойтахт дар ҳузури модарашон ҷангу ҷанҷол намуда, ҷабрдидаро мавриди лату куб қарор дода, гумонбаршаванда бо ин кирдори худ қаноат накарда, ба дохили ошхонаи манзили истиқоматиашон рафта аз онҷо як адад корди ошхонагиро гирифта ба назди бародараш омада як маротиба бо корди дар дасташ буда дар байни қабурғаи росташ зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари гардидааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.02.2026 8:50
46