Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ"

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷмааи варзишии Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15 январ то 14 феврали соли равон мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба "Футболи хурд" барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" аз рӯи се синну сол аз ҷумла, кормандон, ҳаваскорон ва собиқадорон таҳти шиори "Ҷавонон ва амнияти миллӣ" доир карда шуд. Дар ин мусобиқаи мазкур 50 даста зиёда аз 750 иштирокчӣ ширкат варзиданд.
Дар натиҷа миёни собиқадорон дастаи "Динамо" ҷойи якум, дастаи "Вавилон" ҷойи дуюм, дастаи "Фирдавс-40" ҷойи сеюро ишғол намуд. Миёни ҳаваскорон ҷойи якум насиби дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҷойи дуюм насиби дастаи Қолинҳои Пилла ва ҷойи
сеюм бошад насиби дастаи Осимӣ гардид.
Миёни кормандон
ҷойи якум насиби дастаи Бонки миллӣ,
ҷойи дуюм насиби дастаи "Динамо",
ҷойи сеюм насиби дастаи Шифобахш гардид.
Дар анҷоми мусобиқа
ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одина қадрдонӣ карда шуданд.

16.02.2026 14:20
30