Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

12-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:00, автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Ғуломзода Илҳомиддини Абдусалом, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Зокирова Рухшона Маҳмадшарифовна, соли таваллудаш 1989, Ҳакимова Сафина Эраҷовна, соли таваллудаш 2007 ва ноболиғон Ҳакимов Ҳакимҷон Эраҷович, соли таваллудаш 2008, Ҳакимова Мадина Эраҷовна, соли таваллудаш 2017, сокинони шаҳри Ваҳдат, ки роҳро аз тарафи рост убур мекарданд пахш намудааст, ки дар натиҷа Зокирова Р.М, ноболиғон Ҳакимов Ҳ.Ҳ ва Ҳакимова М.Э. ба саломатияшон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистари гардидаанд ва Ҳакимова С.Э. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

14.02.2026 8:37
36