Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии генератори барқӣ аз дохили меҳмонхона

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми феврали соли 2026, тахминан соати 00:09-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои меҳмонхонааш, воқеъ дар деҳаи Лағмони шаҳри мазкур даромада, аз онҷо 1-адад генератори барқӣ “движок”-ро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, пеш бо қисми 1 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

14.02.2026 8:33
37