Семинари омӯзишӣ барои муфаттишони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон
Рӯзи 13 феврал гурӯҳи кории Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои амалисозии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалидошта, аз қабили савдои одамон, тероризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ баргузор намуд. Чорабинии мазкур барои муфаттишони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешбини гардида, ҳадафи асосиаш баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ, тақвияти ҳамкории байниидоравӣ ва тадбиқи самаранокии меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
Дар семинар муфаттишони мақомотҳои прокуратура, корҳои дохилӣ, раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд. Ҳамзамон дар чорабинӣ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират, олимону мутахассисон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат варзиданд. Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳои илмӣ - таҳлилӣ оид ба фарқияти савдои одамон аз ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, банду басти ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон ва таҷрибаи тафтишотӣ дар ин самт, усулҳои айнияткунонии қурбониёни савдои одамон ва роҳҳои муоширати дуруст бо ҷабрдидагон пешниҳод гардиданд.
Маърӯзачиён инчунин мушкилоти ошкор ва тафтиши чунин ҷиноятҳоро баррасӣ намуда роҳу усулҳои муосири муқовимат ба онро шарҳ доданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир савдои одамон дар баробари терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз таҳдидҳои ҷиддии глобалӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ҷинояти махсусан вазнини поймулкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Зеро ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти миллӣ ва суботи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Иштирокдорон таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳури Тоҷикистон дахлнопазирии шахс аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, мутобиқи моддаи 18 Конститутсия ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Ин меъёри конститутсионӣ ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи шаъну шараф ва озодии инсон дар мубориза бо савдои одамон аҳамияти калиди дорад.
Дар раванди муҳокима муфаттишон вобаста ба мушкилоти фаъолияти амалӣ саволҳо пешниҳод намуда аз мутахассисон тавсияҳои соҳавӣ гирифтанд. Зикр гардид, ки тақвияти ҳамкори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили малакаи касбӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмиллалӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо ин намуд ҷиноятҳо аҳамияти авалиндараҷа дорад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур яке аз бахшҳои Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025 – 2027 мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.






















