Эълон! Амалиёти “Истгоҳ”
Аз 5-ум то 15-уми октябри соли 2022 бо ташаббуси Раёсати бозраси давлатии автомабилӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти “Истгоҳ” гузаронида мешавад.
Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва таксиҳои кироя, инчунин дигар воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо гузаронида мешавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби дар ҷойҳои муаянгардида - истгоҳҳо ва ё ҳудуди муайяншуда нигоҳ надоштани нақлиёт, инчунин савор кардан ва ё фаровардани мусофирон дар хатҳои дуюм ва сеюм, дар гузаргоҳ барои пиёдагардон, болои купрук ва ҳудуди роҳҳои дусатҳа нигоҳ даштани воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ сабабгори афзоиши қоидавайронкунӣ миёни ронандагон гардида истодааст.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин ҷода ҳануз ҳам дар ҷумҳурӣ масъалаи тамбашавӣ ва ё дар истгоҳ нигоҳ надоштани воситаи нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад.
Дар ин замина, Раёсати БДА ВКД аз тамоми сокинон ва меҳмомони кишвар даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо зимни гузаронида амалиёти “Истгоҳ” қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро дар истгоҳ ва дигар воситаҳои нақлиёт берун аз истгоҳ дар ҳудуди муаяншуда нигоҳ доранд.
Дар ҳолати ба қоидавайронкунӣ даст задани ронандагон аз ҷониби нозирони роҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.