Рух додани ҳодисаи нақлиётии фоҷиабор
12-уми феврали соли 2026, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри», Мустафоқулов Алаёр Куганович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи байналмилалии “Душанбе-Панҷи-поён”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зари ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада бо мототсикли тамғаи «Сузуки», таҳти идораи Савриддинов Исматулло Исломҷонович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи мазкур бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Савриддинов И.И. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири ӯ ноболиғ Савридинов Абдураҳим Исломҷонович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















