Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми марти соли 2025, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” соли бароришаш 2024-ро ба маблағи 150 ҳазор доллари амрикоӣ ғайринақди гирифта, аз он 20 ҳазор доллари амрикоиро пешпардохт намуда, забонхат додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи боқимондаашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда 130 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонида, воситаи нақлиётро ба дигар кас ба маблағи 117 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, ба манфиати худаш сарф намудааст.
Инчунин ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Левакант аз моҳи августи соли 2025 то моҳи октябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, дар якчанд марҳила аз ӯ 261 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз моҳи июли соли 2024 то моҳи декабри соли 2025 ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 137 ҳазору 220-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














