Дуздии матоъҳои занона аз ҷониби марди 42-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо матоъҳои занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 36 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















