Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ҷинояти авбошӣ

Ҳангоми  гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Гулистон бо ҳамроҳи рафиқонаш 29-уми январи соли 2026, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар назди қаҳвахонаи «Дигардок», воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Гулистон бо ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри мазкур, ки бо ҳамроҳи дигарон қарор дошт, баҳсу муноқиша намуда, аз кисаи курткаи дар тан доштааш буда, корди хоҷагиро гирифта, ба аъзои бадани охирон 2-маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Сипас, зани 42-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки модари ҷабрдида мебошад, бо он ҷо ҳозир гардида, ба онҳо ҳамроҳ гардида, бо бародараш марди 43-солаи сокини шаҳри Гулистон, тартиботи ҷамъиятироооо дағалона вайрон намудааст.
Нисбати ноболиғи 17-сола бо қисми 3 моддаи 237 ва нисбати зани 42-сола бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.02.2026 8:50
26