Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғон бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 15:20-дақиқа, шахсони номаълум  бо роҳи ошкоро аз дасти писари ноболиғи 15-солааш сокини ҳамон ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-12”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми  гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 17 ва 15-солаи сокиниони шаҳри Душанбе содир намудаанд. 
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

13.02.2026 8:47
19