Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни вилояти Суғд

Дар асоси дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар самти пешгирӣ аз чинояти савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон, коҳиш додани сатхи  ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба бадрафтории ҷавонон, хурофоту бегонапарастӣ ва дигар паҳлуҳои ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд бо ташаббуси Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва  Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллох Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохурии судманди бо доираи васеъи чавонони вилоят, аз чумла донишҷӯёни Донишгоххои оли ва касби-техники, хамчунин омузгорон ва дигар кишри фаъоли вилояти Суғд доир гашт.
Дар оғоз Раиси вилояти Суғд мубрамияти мавзуи мазкурро ба диккати хозирин расонида, сипас суханро ба Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дод
Номбурда бо маърӯзаи таҳлилӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, зимни суҳбати озод ҳама паҳлуҳои хатарнокии савдои одамон ва роххои муқовимат ба онро бо мисолҳои воқеъӣ баррасӣ намуд. 
Иштирокчиёни вохури  аз Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон барои солхои 2025 - 2027, ки бо Карори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул карда шудааст, шинос карда шуда, хамзамон дар бораи чорабиниҳои дар ин самт пешбинишуда баҳри паст намудани оқибатҳои он,   хавфнокии ин зуҳуроти номатлуби ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон халал эҷодкунанда, шаклҳои ба қурбонии савдои одамон гирифтор шудан дар дохил ва хориҷи кишвар, ки намуди муосири ғуломӣ мебошад, дар маърӯзаи раиси Комиссия бо мисолҳои мушаххас бо истинод ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон хабардор карда шуданд..
Таъқид гардид, ки савдои одамон дар ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст даровардани маблағҳои калони пулӣ ва дар ин замина роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона, ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳаргуна роҳҳои ҳиллаю найранг аз ҷиҳати  молиявӣ ҳавасманд карда, даромади пулӣ, ваъдаи пардохти музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. 
Дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани савдои одамон, хусусан занону кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин ҷода истисно набуда, ҳамагуна амалҳои мазкурро, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда мерасонад, маҳкум менамояд. Вохӯрии имрӯза низ идомаи мантиқии корбарии Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои ба доми савдогарони одамон наафтодан, эҳтиёткор бошанд, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд, хешу ақрабои худ ва инчунин аҳолиро аз ингуна бархурдҳои зиёновар ҳимоя кунанд ва эмин нигоҳ доранд.
Гуфта шуд, ки муаммои мазкур моро водор менамояд, ки  ба ҳам омада дар якҷоягӣ ба савдои одамон муқовимат намоем. То ин, ки ҳар як узви ҷомеа аз хавфу хатари дучор шудан ба савдои одамон огоҳӣ пайдо намуда,  ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳифз намояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб муовини якуми вазири корхои дохилии Чумхурии Точикистон генерал-полковники милитсия  Абдураҳмон Аламшозода ба мавзӯҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироагардида, аз ҷумла аз дастовардҳои замони  истиқлол, инкишофи бемайлони соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии бомарому осоиштаи сокинони кишвар, шароити хуби таҳсил, бунёди бинову иншоотҳои муҳими таълимиву касбоомӯзии ба камолоти маънавию ахлоқӣ, илмиву эҷодии ҷавонон мусоидаткунанда ёдовар шуд, ки гувоҳи гамхории давлату хукумати мамлакат ва роҳбари муаззами он нисбат ба насли чавони кишвар мебошад.
Қайд карда шуд, ки имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва кору рӯзгори бомаром, сокинони кишвар дар партави сиёсати оқилона ва созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватан, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқ, арҷгузори ба дастовардҳои даврони истиқлол кору фаъолият карда истодаанд. 
Ҳамзамон, вазъи кунунии геопалитикии ҷаҳонро ба ҳозирин хотиррасон намуда, мавсуф вобаста ба масъалаҳои хатарафзои терроризму экстремизм,  гаравиш ва шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонон ба созмонҳои тундгарою ифротӣ, пайравӣ ба хурофоту бегонапарастӣ, муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъадор, раванди афзоиши нашъмандӣ дар байни ҷавонон, гирифтор шудан ба вируси норасоии масъунияти одам, ки ба генофонди миллат зарари барқарорнашаванда мерасонад, инчунин фирефта шудан ба ҳилаву найрангҳои шахсони фолбину ҷодугар, ки натиҷаи дар сатҳи паст қарор доштани донишҳои дунявӣ ва динии мардум ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи зиёд дода шуд.
Абдураҳмон Аламшозода ёдрас намуд, ки ин зуҳуроти номатлуби замони ҳозира дар натиҷаи амалигардонии барномаҳо ва стратегияҳои ҳаматарфа коркардшудаи кишварҳои абарқудрат ва манфиатдор таҳррезӣ гардидаанд. Мақсади асосии онҳо бо роҳи вайрон кардан ва ба гумроҳӣ бурдани мафкураи ҷомеа, хусусан ҷавонон, аз байн бурдании давлатҳои соҳибистиқлол ва  давлатдории миллӣ, тобеъсозии онҳо ба ҳадафҳои худ, ба миён овардани низоъю муноқишаҳои мазҳабӣ ва ҳайра мебошад.
Ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд, ки Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки дар Кодекси ҷиноятии худ меъёри махсусро эҷод кардааст ва тибқи он шаҳрвандоне, ки дар ҳайати созмонҳои терористӣ – экстремистӣ шомил гардидаанд ва бо ин сабаб дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, дар кишварҳои хориҷӣ пинҳон шудаанд, дар сурати ихтиёран ба Ватан баргаштан ва изҳори пушаймонӣ намудан, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Ин муқаррароти қонун бевосита бо ташаббуси  Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ шудааст, ки аз ғояҳо ва андешарониҳои башардӯстонаи роҳбари кишварамон шаҳодат медиҳад,
Бинобар ин, даъват ба амал оварда шуд, ки нафароне, ки дар хориҷи кишвар дар чунин вазъият қарор доранд, аз ин меъёри ҳавасмандкунандаи қонун истифода бурда, ба Ватан барои идома додани ҳаёти осоишта баргарданд. Дар амалӣ гардидани чунин иқдом хешу ақрабо ва шиносҳои онҳо бояд саҳми худро гузоранд.
Дар хотимаи ҷаласа раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аҳаммиятнокии гуфтаҳои маърӯзачии асосиро хулосабандӣ намуда, иловатан қайд намуд, ки ҷавонони кишвари маҳбубамон пайваста таҳти ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ва онҳо ҳамчун қувваи пешбар, тадбиқкунандагонии сиёсати давлатӣ қодир ҳастанд бо некрафтории худ ва ба нафъи давлат хизмат намудан пойдории суботу оромиро дар кишвар, ки  омили асосӣ ва муҳими рушду тараққиёти давлат мебошад, таъмин намоянд,  зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар пайи омӯзиш ва ташаккули шахсияти худ бошанд, то ин ки ба доми  гуруҳҳои ҷиноятпеша наафтанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

13.02.2026 10:41
102