Парафшон шудани Парчами давлатии кишвар дар баландии 165 метр
ЗИЁЗОДА ПАРВИЗИ ШАРИФ
сардори шуъбачаи РК ва КҲШ
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
капитани милитсия
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷае, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқи ҷой гирифта кашида шудааст; рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳноии яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шудааст ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст.
Рангҳои парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошад. Ранги сурх – муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфои, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Парчам таърихи куҳан дорад. Аз ҳамон замоне, ки таърихи тоҷикон оғоз шуда буд, Тоҷикон соҳиби парчам буданд. Дар бораи истифода бурдани парчам аз тарафи аҷдодони мо дар китоби Авесто қайд карда шудаст. Аввалин парчаме, ки дар китоби Авесто қайд карда шудааст, ин Дирафши Ковиёнӣ буд.
Дар Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ оварда шудааст «Дирафши Ковиёнӣ» дар вақти шуриши эрониҳо бо сардории Коваи оҳангар ба муқобили Заҳок пайдо шудааст. Кова пешдомани чармини худро дар нӯги найза баста, бо ин парчам шуришгаронро ба пеши Фаридун, ки аз авлоди шоҳи Эрон буд овард. Ба Фаридун ин парчам писанд омад ва онро бо ситораи тиллоии чор шуоъдор ва сангҳои қиматбаҳо ва се ранг-сурх, сафед, нилгун ороиш дода, номи Дирафши Ковиёнӣ номгузорӣ намуд.
Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон, маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, мақомотҳои иҷрояи маҳалҳо (ҳукуматҳо).
Мувофиқи Амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маросими тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронад, афрохтан мумкин аст.
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибихтиёрии давлат дар баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷику Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Парчами давлатӣ рамзи асосии соҳибихтиёрии давлат ва таҷассумгари мероси таърихию-фарҳангии мардуми тоҷик буда, руҳбаландӣ ва арзишмандии ин мардуми куҳанбунёдро исбот менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 - метр, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.
Парчами давлатии Тоҷикистон бо чунин бузургию ҳашамат, бори нахуст дар паҳлӯи чапи қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону Ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт – шаҳри Душанбеи нозанин ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр бардошта шуд.
Аҳамияти сиёсии Парчами давлатии Тоҷикистон дар партавафшонии он дар Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхона ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишти ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гашта, беэҳтиромии парчами давлатӣ аз тарафи ин ё он мақомоти давлатии хориҷа маънии зоҳир кардани беэҳтироми ба давлати Тоҷикистонро дорад.
Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд дар дили ҳар фард аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ тарбия намоем. Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият ва волоии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон буда, эҳтироми он ва расидан ба қадри он вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи тоҷик мебошад. 4
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷашни Рӯзи Парчам — эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат аст, ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост».
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин Парчам дар ҷаҳон мебошад, ки дарозии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ аз 165 метр иборат буда, аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот бунёд ёфтааст. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлӯи қасри Миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшидаанд.
Имрӯз ҳам майдони атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳавзҳо ва гулу гулгаштҳои зебою дилнишини худ, аллакай ба мавзеи дилфарои сайру тамошо ва истироҳату фароғат табдил ёфтааст.
30 августи соли 2011 намояндаи китоби рекордҳои Гиннес Дэвид Чемберс ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сертификатеро супурд, ки тибқи он флагштоки Душанбе баландтарин Парчам дар дунё маҳсуб мегардид.
Сутунпоя (милаи) Парчами Душанбе бо 165 метр баландӣ дар моҳи сентябри соли 2011 дар Китоби рекордҳои Гиннесс ҷойгузини баландтарин парчаме шуд, ки қаблан дар Боку, пойтахти Озарбойҷон сохта буданд.
Қаблан милаи 162-метрии парчам дар Боку, милаи 133-метрӣ дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ду милаи 132-метрӣ дар Ақабава 127-метрӣ дар Амони Урдун ва милаи 123-метрӣ дар Абӯ-Забӣ сохтааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро, ки рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мебошад, таъкид доштанд, ки “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.
Боиси ифтихор ва хушбахтии мост, ки миллати тоҷик дар баробари дигар халқияту миллатҳои ҷаҳон дар масири таърих соҳиби Парчами худ ва дигар арзишҳои волои давлатдорӣ мебошад.
Ҳамасола таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, нишонаи давлатдорӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад.
Қобили қайд аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Махсусан, бо рисолати таърихии худ Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор шуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуд, ки ӯ Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳонид, балки масири рушди босуботи ояндаи онро муайян кард. Аз ҷумла, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 - ум инҷониб, 24 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.
Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурури миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми бо нангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд.
Имрӯзҳо партавафшонии Парчами давлатӣ дар ҳар гӯшаи ватани биҳиштосо баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад. Боиси ифтихор ва хушбахтист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии ватани маҳбубамонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ, биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ дидан мумкин аст. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаи дунё, аз бинои Созмони Милали Мутаҳид сар карда, дар тамоми сафоратхонаҳою намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар партавафшон аст.
















