Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАКМИЛИ ЗАМИНАИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТИ КАДРИИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ 

КАРИМЗОДА ЭРАҶ ҲОТАМ
муовини сардори РК ва КҲШ
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 
полковники  милитсия

Зербинои ҳар фаъолият ба вижа фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ аз заминаи ҳуқуқӣ таркиб ёфтааст. Барои пешрафти фаъолият бояд заминаҳои ҳуқуқии он - санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти самти кадрӣ бояд такмил ёбад. 
Тибқи банди 19  Низомномаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №760 тасдиқ гардидаст, раёсат фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро дар самти фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуққӣ амалӣ менамояд. 
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани роҳбарии ташкилию методии кор бо кадрҳо, таъмини сиёсати кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ  ва ташкили раванди назорабарӣ аз болои иҷрои вазифаҳои ҷузъу томи хадамоти кадрӣ зарурати такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ ба миён омад.
Зеро барои баланд бардоштани иқтидори кадрии мақомот, интихоб ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо, ҳавасмандгардонии кормандон, сарфароз намудан бо рутбаҳои махсус, омӯзиш, таълиму тарбияи кормандон, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният аз ҷониби ҳайати шахсӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие зарур мебошанд, ки ҷавобгӯ ба талаботи замона ва мувофиқ ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Аз ин рӯ, ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ ва вобаста ба  иҷрои банди 41 қарори ҷаласаи Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз 7 январи соли 2023, №1ҚМ-1м, ки бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2023, №6м тасдиқ гардидааст,  тибқи фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2024, №120 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи хадамоти кадрӣ ва собиқ кормандони самти кадрӣ ва кормандони ботаҷрибаи дигар сохторҳои вазорат зери роҳбарии Сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омӯзиш, ворид намудани тағйиру илова, коркард ва дар таҳрири нав таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти кадрӣ, ки солиёни дароз ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда нашудаанд, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Аз моҳи марти соли 2024 то моҳи июни соли 2025  аз ҷониби гурӯҳи корӣ 20 адад санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ дар  таҳрири нав омода карда шуда, бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Чунончӣ:
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали  соли 2024, №126 б/з «Дар бораи таъсис додани нишони сарисинагии «Беҳтарин корманд-зан дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №760 “Дар бораи Низомномаи раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №761 “Дар бораи Дастурамали намунавии фаъолияти хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №762 “Дар бораи Тартиби сарфароз гардонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус, ҳарбӣ ва барасмиятдарории он”; 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №764 “Дар бораи Тартиби гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2024, №765 “Дар бораи Низомномаи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ"; 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 октябри  соли 2024, №766 “Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати боэҳтиромонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон”; 
    6 адад фармоишҳои махфии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
    - фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2024, №941 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои тайёрии хизматӣ, ҷисмонӣ ва омодабошии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2025”; 
    - фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2025, №86 “Дар бораи Низомномаи захираи кадрҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    - 1 адад фармоиши махфии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
    - фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2025, № 102 “Дар бораи Тартиби ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти роҳнамоӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    - фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи  соли 2025, № 389 “Дар бораи Дасурамали ташкил ва гузаронидани курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    - фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2025, № 412 “Дар бораи Дастурамали тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    фармоиши ВКД аз 30 сентябри соли 2025 сол, №680 “Дар бораи Нишони сарисинагии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон “Аълочии кадри ВКД” 
Сабабу омилҳои дар таҳрири нав қабул  намудани ин 20 санади меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравии Вазорат дар самти кадрӣ инҳо мебошанд:
1) Мавҷуд будани хатогиҳои имлоӣ, мантиқӣ ва техникӣ дар меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилиидоравӣ.
2) Мутобиқат накардан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, низомномаву дастурамалҳои дохилиидоравиро  ба танзим медароранд.
3) Мутобиқат накардани санадҳои дохилиидоравии Вазорат ба амалияи фаъолияти хадамоти кадрӣ. Дар амалия таҷрибаҳое ба роҳ монда шуда буданд, ки он дар ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ наёфта буд. Ё баръакс меъёрҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикосёфта бинобар мавҷуд набудани механизми татбиқи он умуман амал намекараданд.
4) Солҳои тулонӣ ворид накардани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида. Аз 10 ва зиёда солҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот ва ё иловаҳо ворид карда нашудаанд. Як нуктаро бояд махсус қайд намуд, ки хадамоти кадрӣ дар самти ба бойгонӣ супурдани парвандаҳои шахсӣ фармони махфии ВКД ИҶШС-ро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолият менамуданд. Аз қабули ин фармон зиёда аз 70 сол гузаштааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар таҳрири нав қабулгардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи милитсия”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории ҷорӣ мутобиқ гардонида шуданд.
Ҳамзамон, санадҳои мазкур бо дарназадошти талаботи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дастурамали гузаронидани санҷиши хизматӣ”, “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, «Дар бораи шакли намунавии шартнома (қарордоди) меҳнатӣ» таҳия ва қабул гардиданд.
Бо қабул гардидани санадҳои дар боло зикргардида 22 адад фармону фармоишҳои зерини ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шуданд, чунончӣ:
    фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2010, №12 «Дар бораи тасдиқ намудани «Низомнома дар бораи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали намунавӣ дар бораи дастгоҳҳои кадрии мақомоти корҳои дохилӣ»;
    1 адад фармони махфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
    фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2006, №94 б/з «Оиди тасдиқ намудани «Дастурамал дар бораи тартиби ба расмиятдарории маводҳо ҷиҳати сазовор гардонидан ба рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
    1 адад фармони махфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2012, №23 б/з «Оид ба тасдиқ намудани «Дастурамали гузаронидани санҷиши хизматӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
    фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 20 майи соли 2007, №320 б/з «Оиди тасдиқи Низомнома «Дар бораи судҳои шарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ»;
    фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006, №1 “Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон”;
    фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2007, №109 б/з «Оиди тасдиқ намудани «Номгӯи ягонаи вазифаҳо дар системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи маълумотнокӣ барои ишғол намудани онҳо»; 
    фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  8 майи соли 2015, №273 бо замима «Дар бораи  тартиби ба вазифа таъин намудан, ба дигар вазифа гузаронидан, аз вазифа ва аз мақомот озод намудан, ба фармоиши дигар ҷузъу томҳо фиристонидани ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ»; 
    фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли  2016, №360 «Дар бораи шартҳои алоҳидаи қабул намудан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;  
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2018,№ 840 «Дар бораи таъйин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтори тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»; 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2021,№208 «Оид ба баланд бардоштани иқтидори кадрии воҳидҳои ташхисӣ (экспертӣ) – криминалистӣ»;
    1 адад фармони махфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
    1 адад фармоиши махфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
    1 адад фармоиши махфии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2023, №866 б/з “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои омодабошӣ, тайёрии хизматӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии ВКД  дар соли хониши 2024”;
     фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2023, №660 “Дар бораи Тартиби таъсиси захираи кадрҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
     1 адад фармони махфии ВКД Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ (барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ;  
     фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2012, № 14 “Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома оид ба роҳнамоӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2014, № 39 “Оид ба тасдиқ намудани Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. 
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2018, № 439 “Оид ба тасдиқ намудани Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
    фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2023, № 218 “Оид ба Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Инчунин, як қатор санадҳои самти кадрии дигар мавриди коркард қарор доранд.
Ҳайати шахсии хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки омӯзиши пурра ва ҳаматарафаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар таҳрири нав қабулгардидаро ба роҳ монда, талаботи онҳоро қатъиян риоя ва иҷро намоянд. Зеро дар сурати иҷро накардани меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ он дар рӯи коғаз мемонад.

07.02.2026 14:14
21