Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КИТОБ КАЛИДИ ДОНИШ ВА САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ

Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад   ба ҳисоб меравад. Китоб ганҷинаи дониш буда, таълим ва бардошт аз он чароғест, ки роҳи зиндагиро мунаввар менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки «Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Мавриди қайд аст, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани донишу маърифат ва тақвият бахшидани неруи зеҳнии кормандони милитсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Вобаста ба ин, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару  сухандон,  васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, баҳри баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз таърихи халқи тоҷик, арҷ гузоштан ба арзишҳои  миллию фарҳангӣ  аз 29 январ то 9 феврали соли 2026 дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷузъу томҳои он 12- рӯзи хониши китобҳои бадеӣ эълон гардид.
Дастрасии озодона ба асрҳои гуногуни пурарзиши адибони гузаштаву муосир барои кормандони дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилоят Хатлон ва  Шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо    боиси хушнудист. Дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ  кормандони милитсия аз мутолиа дур набуда, баҳри баланд бардоштани савияи илмиву маҳорати касбӣ дар вақтҳои холӣ мутолиа намудани китоб, барои ҳар як корманд ҷузъи муҳими одати ҳаррӯза гардидааст.
Комиссияҳои  босалоҳияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида,  барои санҷиши  роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба мутолиаи китобҳои  тавсияшуда, бо гузаронидани сӯҳбатҳо нисбати онҳо баҳогузорӣ карда мешавад.

12.02.2026 14:23
25