Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Исфара, аз моҳи майи соли 2022 дар вазифаи роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Исфара кору фаъолият намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ 2-юми ноябри соли 2025, дидаву дониста, ки ҳисобкунаки барқии ҶДММ «Се Ганҷ»-и шаҳри Исфара, 4-уми сентябри соли 2024, аз ҷониби сармутахасисони Раёсати Агенти назорати давлати минтақавӣ энергетикии минтақаи Суғд дар шаҳри Исфара ба қайд гирифта шуда, нишондодҳои ҳисобкунаки барқии ҶДММ «Се Ганҷ»-и шаҳри Исфара то 3-юми апрели соли 2025, 0,00 киловат соатро ташкил дода муддати 7 моҳ барқро ғайриқонуни истифода намудааст, ки дар маҷмуъ фарқият 235 ҳазору 929-киловат соат маблағи он 217 ҳазору 587 сомониву 88-дирамро ташкил медиҳад. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини ноҳияи Спитамен, аз 14-уми феврали солаи 2011, саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Лангар-Ота» кору фаъолият намуда бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ дар давоми соли 2025, 48-сар чорвои майдаи шохдори хоҷагиро, фурӯхта маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Зарари расонидашуда 47 ҳазору 400-сомониро ташкил медиҳад. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қмчсм 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.02.2026 8:28
26