Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаи авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26 ва марди 29-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 3-юми январи соли 2026, тахминан соати 15:00, дар назди манзили истиқоматиашон бо марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур ва бародараш марди 57-солаи сокини ҳамин шаҳр бе ягон асос ҷангу ҷанҷол намуда, марди 29-сола бо корди дар дасташ буда, ба сари марди 55-сола зарба задааст. 
Боз такроран 20-уми январи соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, гумонбаршавандагон бе ягон асос аз қафои автомашинаи раиси маҳаллаашон марди 61-солаи сокини шаҳри Кӯлоб омада, ӯро мавриди лату куб қарор дода, ҷавони 26-сола бо корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синааш як маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

12.02.2026 8:27
42