Эълон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир шахсони алоҳида худро операторони ширкатҳои мобилӣ муаррифӣ карда, ба шаҳрвандон тамоси телефонӣ мегиранд.
Ҳангоми тамос ба шаҳрвандон хизматрасонии муосири замонавии интернети босуръати 5G-ро барои пайваст гардиданд, пешниҳод мекунанд. Дар ҳолати қонеъ кардани дархости операторон онҳо бо чунин тарз маблағҳои пулии бонкиро тасарруф менамоянд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба чунин тамосҳои телефонии қаллобон ва дархости онҳо қатъиян посух надиҳанд.
















