Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати мардумфиребӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2023, Убайдулло ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 320 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муҳлати 6-моҳ маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

10.02.2026 8:10
32