Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ таҳти шиори "Ҷавонон ва амнияти миллӣ"

Дар толори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти 'Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" рӯзи 7-уми  феврали соли 2026 мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба "Шашка" ва "Шоҳмот" миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори "Ҷавонон ва амнияти миллӣ" доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ варзишгарон дар ҳайати 20 даста бо теъдоди 90 варзишгар фаъолона иштирок намуданд.
Дар натиҷа оид ба намуди Шашка,
-ҷойи якум Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
-ҷойи дуюм насиби дастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-ҷойи сеюм насиби дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Оид ба намуди Шоҳмот,
-ҷойи якум насиби дастаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов,
-ҷойи дуюм насиби дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино,
-ҷойи сеюм насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи аъзои тадорукот бо Ҷом, медал, диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

09.02.2026 14:59
32