Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунии маблағ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷои кораш таъминотчии ҶДММ «Маҳмудов Ғ.Н»-и шаҳри Хуҷанд, дар давраи фаъолияти кориаш маҳсулотҳои гӯштии навъи «Қазии асп ВИП», «Орзуи Файзи Расул 60», красовская «Туёна» ва дигар навъҳои маҳсулотро дар асоси борхат ва гузоштани имзои худ қабул карда гирифта, пасон онҳоро ба ҳудуди вилояти Хатлон бурда, дар шаҳри Бохтар ба мағозаҳои тиҷоратӣ ба фурӯш бароварда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Дар натиҷа ба манфиати ҷамъияти зикргардида ба маблағи 158 ҳазору 169-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

07.02.2026 8:12
43