Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз
5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Саломов Ғолиб Абдунабиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Узбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни нопитали Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Лексус», таҳти идораи Абдунабиев Эркинбек Валиҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Саломов Ғ.А ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Икромов Суҳбатулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Арбоб ба самти деҳаи Меҳригони ҷамоати деҳоти Х.Куҳии шаҳри Ҳисор ҳангоми расидан дар наздикии деҳаи Меҳригон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Шарипов Абдусалом Fаффорович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Шарипов А.Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.














