Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани шикори ғайриқонунӣ

15-уми январи соли 2026, марди 38-солаи сокини ноҳияи Рашт бо маслиҳати пешакӣ бо мардони 34, 55 ва 38-солаи сокинони ноҳияи Рашт, бо мақсади шикори ғайриқонунӣ ба ҳудуди мавзеи Ғорифи ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рафта, бо истифодаи яроқи шикории тамғаи “Вепр-1В” соли бароришаш 1967, 2-адад бузи куҳии намуди “Сибири” ҷинсашон модинаро шикор карданд.
Мувофиқи хулосаи Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавори дар ноҳияи Рашт, маводи гӯшти пешниҳодшуда ба чорвои майдаи шохдори ҷинси модинаи бузи куҳии “Сибири” таалуқ дорад.
Тибқӣ хулосаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рашт зарари расонидашуда 15 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати марди 38-сола ва дигарон бо қисми 2 банди “б”-и моддаи 232 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

07.02.2026 8:13
60