Ғорат намудани телефони мобилӣ аз марди 47-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 03:20-дақиқа, дар назди маркази савдои “Ёвар” воқеъ дар кӯчаи Деҳи Болои ноҳияи Сино бо марди 47-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “РЕДМИ-5“-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа ба ҷабрдида 600-сомонӣ зарар расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.














