Муайян гардидани ҷинояти таъмаҷуӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокин ноҳияи Б.Ғафуров, моҳи сентябри соли 2025 бо духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, тариқи шабакаҳои иҷтимоии «Вотсап», шиносоӣ пайдо намуда, дар бостонсаройи ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрда, бо якдигар муносибатҳои маҳрамона намудаанд.
Ноболиғ гумонбаршаванда ин ҳодисаро пинҳонӣ ба телефони мобилии худ ба навор гирифта, аз охири моҳи январ то 3-юми феврали соли 2026, аз ҷабрдида якчанд маротиба 1 ҳазор сомонӣ талаб намудааст, ки акс ва наворро байни шиносҳояш паҳн намуда, ӯро беобрӯ мекунад.
Ҳангоми гирифтани маблағи пули гумонбаршаванда дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















