Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ворид гардидааст, ки 5-уми феврали соли 2026, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Р.Каримови ноҳияи Фирдавсӣ шахси номаълум бо олоти тези кунд ӯро лату куб намуда, бо корди дар дасташ буда, як чанд маротиба ба баданаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















