Сӯхтор
Рӯзи 5 феврали соли равон, соати 20:20 дақиқа ба Маркази алоқаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки дар нуқтаҳои савдои ҶДММ Маҳмадуллоев Давлат, воқеъ дар кӯчаи Ҷанубӣ 1-и ноҳияи Фирдавсӣ, дар масоҳати 2000 метри мураббаъ дар 2 раста сӯхтор ба амал омадааст.
Баъди қабули хабари сӯхтор ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ иборат аз 180 нафар, 22 нақлиёти оташнишонӣ ва беш аз 200 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъҷилӣ оташ ба пуррагӣ хомӯш карда шуда, беш аз 20 миллион сомонӣ молу ашё аз сухтор эмин дошта шуд.
Сабабҳои сар задани сӯхтор ва зарари расида, аз тарафи коршиносон муайян карда мешавад.

















