Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои автомобилгард
4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ореl-Astra F”, Сорбони Қурбонали 2002, сокини ноҳияи Муъминобод, бо мусофиронаш Муродов Искандаршо Раҳматшоевич, соли таваллудаш 1975, Назаров Амрохон Амиршоевич, соли таваллудаш 1964, сокинони ноҳияи мазкур ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Муъминобод ба самти деҳаи Гулистони ҳамин ноҳия ҳаракат карданаш, ҳангоми расидан ба деҳаи Гулистон дар гардиши роҳи мазкур, бинобар сабаби бо суръти баланд ҳаракат намудан аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада ба дарахти қисмати рости роҳ бархурдааст, ки дар натиҷа мусофирони он Муродов И.Р, Назаров А.А ва ронанда Сорбони Қ. ба беморхона интиқол ёфта, мусофир Муродов И.Р. дар беморхона вафот кардааст.
4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Довудзода Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Исфара ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳри Конибодом ба самти шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа ронанда Довудзода М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистари гашта ва мусофири ӯ Бобоев Мирусмон Абдулазизович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.















