Содир гардидани қаллобиҳо бо сӯиистифода аз боварӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 39 ва 29-солаи сокинони шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи январи соли 2024, ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз гумонбаршаванда 139 ҳазору 900-доллари амрикоиро барои тиҷорати мева, ба Федератсияи Россия бурдан гирифта, боз такроран 12-уми сентябри соли 2025, аз ҷабрдида бо ваъдаи ба номи ӯ кардани хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия, 3 милиону 500 ҳазор рубли русиашро гирифта ба манфиати шахсиашон сарф мекунанд, ки зарари расонидашуда 1 милиону 782 ҳазору 903-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда тахминан моҳи июли соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, маҳсулоти сохтмонии арматурро ба миқдори 40 тона баробар ба 28 ҳазору 800-долари амрикоиро гирифта қисми маблағҳои пулиашро ба миқдори 10 ҳазор доллари амрикоӣ дода, боқимонда маблағи 18 ҳазору 800-доллари амрикоиро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.














