Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ
3-юми феврали соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нуралиев Баҳрулло Fафорович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҳафтеппа ба самти деҳаи Ҳисор дар ҳудуди деҳаи Ҳафтеппаи шаҳри Ҳисор дар ҳолати сархуши “мастӣ” аз уҳдаи идораи автомашина набаромада пиёдагард, Самадов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
4-уми феврали соли 2026, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Моторолик», Холов Саид соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Хонобод ба самти деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо дучархарон Саидов Саймурод, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри мазкур, ки ба самти деҳаи Хонобод ҳаракат мекард, бархурдааст.
Дар натиҷа дучархарон Саидов С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















