Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри мазкур корманди ширкати Дилери “О.мобайл” ворид гардидааст, ки 2-юми феврали соли 2026, тахминан соати 18:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба утоқи кориаш, воқеъ дар маҳаллаи Ҷ.Алии шаҳри Кӯлоб даромада, аз он ҷо як адад компютер (ноутбук), ки аризишаш 6 ҳазор сомонӣ, 60-адад симкорт, ки арзишашон 100-сомонӣ, 2-адад модем, ки арзишашон 300-сомониро ташкил медодааст, зада шикаста ба ӯ ба маблағи 13 ҳазору 250-сомонӣ зарар расонидаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.02.2026 8:02
39