Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ҷиноят аст!
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 27-уми январи соли 2026, тахминан соати 15:00, дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бо сабаби доду гирифти маблағи пулӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ дошта, як маротиба ба миёнаш зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















